Соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 5 нафар бинокорон ҳалок ва боз 2 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Сиҷоуддин Саломзода дар ин робита изҳор намуд, ки 2 нафар дар ҷараёни корҳои сохтмон дар дохили нақбҳо бар асари фаромадани кӯҳпораҳо ва 3 нафари дигар дар натиҷаи афтидан аз иншооти ҳифзкунанда шабонгоҳ ҳалок шудаанд.

«Ин ҳодисаҳо бозгӯи каммасъулиятии роҳбарони ташкилотҳои паймонкор ва риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аз ҷониби бинокорон мебошанд», - гуфт ӯ.

Сардори Хадамот таъкид дошт, ки ҳамчунин ҳангоми резиши кӯҳпораҳо боз 2 тан аз бинокорони нерӯгоҳ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар маҷмӯъ 15 ҳодисаи нохуш, аз ҷумла 13 ҳодиса бо талафоти ҷонӣ дар саросари кишварро ба қайд гирифтааст.