Бинобар сабаби ноустувории обуҳаво, ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд.

Котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шабонарӯзи наздик дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ боришот дар назар буда, ситодҳои КҲФ вазъи роҳу ағбаҳо, ҳолати хатҳои интиқоли барқ ва коммуникатсияҳоро таҳти мушоҳидаву назорат мегиранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки бидуни зарурат аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо муддати ду рӯзи наздик худдорӣ кунанд.