Як зодаи Тоҷикистон аз болои пуле дар ноҳияи Домодедовои вилояти Маскав худро ба замин афкандааст.

Бино ба иттилои Интерфакс бо истинод ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, соати 20-40 дақиқаи шаб шаҳрванди Тоҷикистон, марди 39-сола аз болои пул худашро ба қисмати поёни роҳгузар партофта, дар автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳалокшуда дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли шароб қарор дошта, айни замон мақомоти пулис ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.