Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 30-юми январ тақрибан соатҳои 23-00 дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд Чаноқ, дар қаламрави ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд рух дод, панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Аҳмадхон Олимови 35-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хингчианг», сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Хонда CR-V» таҳти идораи сокини 56-солаи шаҳри Душанбе Азим Холов бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ин бархӯрд ронанда А.Холов ва мусофирони автомашинаи ӯ – сокинони ноҳияҳои Вахш - Барот Рабиеви 40-сола, Исфара – Фатҳулло Ҷӯраеви 35-сола ва сокинони шаҳри Хуҷанд – Боймурод Мирзоеви 57-сола ва Диловар Масаидова 31-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.