Дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск ҷасади яхкардаи ҷавони 32-солаи тоҷик пайдо шуд. Дар содир намудани ин ҷиноят ҳамдиёраш, феълан шаҳрванди Русия гумонбар дониста мешавад.

Бино ба гуфти роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск Бахтиёр Султонов, рӯзи 22 январ зодаи ноҳияи Бохтар Ҳадятулло Абдуллоев 32-сола беному нишон ғайб задааст.

«Мо оид ба ғайб задани Ҳадятулло ба полиси шаҳр хабар додем. Полис вақте камераҳои назоратии кучаҳоро тафтиш карда мебарояд, маълум мекунад, ки маротибаи охирин номбурда дар автомашинаи шахсии ҳамватани мо, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Аҳмадов Иҳромиддин Лочинович нишастааст. Пулис хати ҳаракати ин автомашинаро муаяйн намуда, мо мувофиқи хатти ҳаракати ҳамин автомашина 10 рӯз кофтуков кардем ва 1 феврал ҷасади яхкардаи Ҳадятуллоро аз ҷуқурие дар дохили собиқ қисми ҳарбӣ пайдо намудем», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, пулис бо ду моддаи кодекси ҷинои ин кишвар (куштори қасдона ва одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, дар куштори Абдуллоев зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Аҳмадов Иҳромиддин Лочинович соли тавалудаш 1976-ро гумонбар медонад ва ӯро ҷустуҷу дорад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 2 феврал дар якҷоягӣ бо пулис автомашинаи номбурда аз шаҳри Челябинск дарёфт гардида, ҳамроҳ бо ин автомашина як зодаи дигари Тоҷикистонро низ пулис боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додааст. «Бояд гуфт, ки Аҳмадов Иҳромиддин Лочинович баъди беному нишон шудани Абдуллоев аз шаҳри Магнитогорск ғайб зада, мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», - афзуд Б.Султонов.