Бар асари садамаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои Ҳисору Истаравшан 2 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 11 феврал ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”,  сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмадризо Қурбонови 27-сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 50-55 соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айни замон шахсияти пиёдагард муайян карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз, ҳамчунин дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар ҳудуди деҳаи Обҷувози ноҳияи Истаравшан ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда-СРВ”, сокини ноҳияи Истаравшан Суҳробҷон Махсумови 29-сола бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Замира Зиёеваи 25-сола, сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.