Дар минтақаи таҳти масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии№4 қарордоштаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар самти ноҳияи Фархор замини алафзор оташ гирифт.

Роҳбари хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб Фаррух Раҳматов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар бораи сар задани сӯхтор дар ин мавзеъ ба онҳо саривакт расида, аммо гармии зиёд ба паҳншавии оташ дар майдони ҳадди ақал 20 гектар мусоидат кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти вазъ, аз Кӯлоб, Восеъ ва Фархор 5 дастаи оташнишонон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, дар муддати кӯтоҳ оташ хомӯш карда шудааст.

«Сабабҳои мушаххаси сар задани сӯхтор алҳол ошкор нашуданд, вале хизматчиёни ҳарбӣ аз тири дайду оташ гирифтани ин қитъаи алафзорро аз эҳтимол дур намедонанд, зеро қабл аз ин ҳодиса дар марз бо қочоқбарон тирпарронӣ сурат гирифтааст», - гуфт Ф.Раҳматов ва илова намуд, ки аз сӯхтор касе осеб надида, зиёни молии расида аз он баъдтар муайян карда мешавад.