Собиқ раиси Кумита оид ба энергетка, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Амир Катаев шоми рӯзи 29 сентябр аз ошёнаи 10-уми бинои истиқоматӣ дар маркази пойтахт ба замин афтода, ҳалок шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон хабар доданд, ки пас аз анҷоми фаъолияти вакилӣ марҳум дар он кор мекард.

Профессор Амир Катаев то интихоботи соли 2005 ба парлумон вазифаи ректори Донишкадаи технологии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Моҳи феврали соли 2010 ӯ дубора вакили парлумон интихоб шуд.

Амир Катаев 20 сентябри соли 1947 дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе ҷасади Катаев ба хок супурда мешавад.