Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура марди 34-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда шоми рӯзи 30 сентябр дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Р.Набиеви ш. Душанбе зимни муноқиша бо зани 39-солаи сокини ш. Душанбе, миллаташ рус, ӯро зери лату кӯб қарор дода, ба қатл расонидааст.

Гуфта мешавад, сипас, ҷасади занро ба борхалтаи селофанӣ андохта, даҳонашро бо сими алюминӣ баста, ба дохили партовгоҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур бо моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.