Рӯзи якшанбе, 13 декабр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук акси шаҳрванди Тоҷикистон гузошта шуда, зери он зикр гардид, ки ӯ бо осори захми лату кӯби бераҳмона дар бемористони ёрии таъҷилии №17-и шаҳри Волгогради Русия бистарӣ шудааст.

Дар ҳамин ҷо акси шиноснома ба ном Масҳатулло Раҷабов аз ноҳияи Рӯдакӣ, соли таваллудаш 1973 ба интишор расида, қайд шуд, ки ин мард санаи 3 ноябр барои кор ба Русия омадааст. Корбарони шабака, ки ба бемористон ба аёдати ӯ рафтаанд, иттилоъ медиҳанд, ки вазъи солимии ӯ вазнин буда, дар хуни ӯ машрубот ошкор шудааст.

Дар хамин ҳол, намояндаи расми сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди чопи ин матлаб дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сафорат таъҷилан бо сардухтури беморхонаи мазкур дар тамос шуда, аз ӯ дар бораи вазъи ҷабрдида пурсон шудааст.

«Айни замон Раҷабов дар шуъбаи терапия бистарӣ аст. Мо ба раҳбарияти диаспораи тоҷикон дар Волгоград дастур додем, ки ба аёдати ӯ рафта, кумаки дастгирӣ намоянд. Сафорат минбаъд ҷараёни ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад», - гуфт Эгамзод.