Вазъи саломатии шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Маҳсатулло, ки дар бемористони рақами 7-и шаҳри Волгоград бистарӣ шуда буд ва дар ин бора корбарони Фейсбук дар саҳифоти хеш репост намуда, имдод пурсида буданд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки бо дастури сафорат раиси ҷамъияти тоҷикони Волгоград, узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати ҶТ дар ФР Саидаҳмад Маҳмадов ва собиқ намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ дар минтақаи ҷануби Россия Нусрат Исматов ба бемористон рафта, аз ҳолу аҳволи бемор пурсон шудаанд ва ӯ ба худ омада, бо эшон суҳбат кардааст. «Духтурон гуфтаанд, ки пас аз ду-се рӯз ӯ пурра сиҳат шуда, аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки сафорат ҳамчунин наздикони бемор - ҳамсараш ва бародарашро пайдо карда, дар сурати пурра сиҳат шудан, бо дастгирии сафорат ва ҷамъияти тоҷикони вилоят онҳо метавонанд ӯро ба Ватан бубаранд.

Ёдрас мекунем ки рӯзи якшанбе, 13 декабр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук акси шаҳрванди Тоҷикистон гузошта шуда, зери он зикр гардид, ки ӯ бо осори захми лату кӯби бераҳмона дар бемористони ёрии таъҷилии №17-и шаҳри Волгогради Русия бистарӣ шудааст.