Аз 11 то14 декабр аз водии Бартанги ВМКБ, ки аз заминларзаи рӯзи 7 декабр аз ҳама бештар зарар дид, тариқи чархболҳои Вазорати мудофиа ва ширкати «Тоҷик Эйр» беш аз 500 нфар осебдидагон ба макони бехавф кӯчонида шуданд.

Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми аҳолии аз водии Бартанг кӯчонидашуда дар бинои мактабу хона ва клубҳои ноҳияи Рӯшон ҷойгир карда шуда, бо тамоми чизҳои зарурӣ - маводи ғизойӣ, сарулибос ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудаанд.

Ӯ қайд кард, ки шоми имрӯз кушода шудани роҳи Рӯшон - Бартанг дар назар аст, ки рӯзи 7 декабр бар асари сангреза баста шуда буд.

«Корҳои кумак ба осебидагон дар Бартангро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва дар Рӯшон муовини нахуствазир ва раиси комиссияи ҳукумат Азим Иброҳим ҳамоҳанг месозанд», - иброз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, барои сохтмони манзилҳои нав барои аҳолии аз офат осебдидаи водии Бартанг воридоти масолеҳи сохтмон аз маркази ҷумҳурӣ ба маркази ноҳяи Рӯшон шурӯъ шудааст.

Қобили зикр аст, ки барои сохтмони манзилҳои нав барои осебдидагон дар ҷамоат Басиди ноҳияи Рӯшон 50 гектар қитъаи замн ҷудо шуда, сохтмон аввали баҳор оғоз мегардад.