Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба ронандагон ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ маълумот медиҳад, ки мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон пагоҳ, 24 декабр яхбандии роҳҳои мошингарди кишвар, фаромадани туман ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ тармафароиҳо дар назар аст.

Дар ин робита Раёсати БДА ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад, ки зимни ҳаракат дар роҳҳо хеле эҳтиёткор буда, асбобу лавозимоти зарурӣ дар ин ҳолатҳо, аз қабили занҷиру хок ва ресмонро бо худ дошта бошанд.

Ҳамчунин дар сомонаи Идораи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ низ қайд мешавад, ки рӯзи 24 декабр дар ҷумҳурӣ тумани ғализ ва дар роҳҳо тармафароӣ пешбинӣ мешавад. Огоҳ карда мешавад, ки дар роҳҳои мошингарди кӯҳии кишвар эҳтимоли зиёди тармафароӣ вуҷуд дорад.