Соати 14:07-и нимаи имрӯз, 8 январ сокинони Тоҷикистон заминларзаро эҳсос намуданд.

Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҶТ, маркази заминҷунбӣ дар километри 277-уми ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ будааст. Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш ба 4 балл ва дар Душанбеву Бартанг (ноҳияи Рӯшони ВМКБ) ба 3 балл баробар будааст.

Тибқи маълумоти Маркази сейсмологии баҳримиёнагии Аврупо, маркази заминларза дар кӯҳи Ҳиндукуш дар Афғонистон воқеъ буда, қувваи он ба маълумоти ин марказ, 5,0 баллро ташкил додааст.