Соати 01-05 дақиқаи вақти маҳаллии шаби 12 ба 13-уми январ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд.

Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки маркази заминларза дар 282 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон ҷойгир будааст.

Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл, шаҳри Душанбе - 4 балл ва дар ноҳияҳои Рашту Ёвон - 3 баллро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран заминларза дар Тоҷикистон рӯзи 8 январ рух дода, қувваи он дар Душанбе 3 баллро ташкил дода буд.

Заминларзаи бештар харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон ахиран санаи 7 декабри соли гузашта рух дода буд, ки бар асари он дар қаламрави ВМКБ беш аз 1,3 ҳазор манзил қисман ё пурра хароб гардида, ҳудуди 8 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд.

Ҳамчунин аз ин заминларза иншооту зербинои муҳим, аз ҷумла роҳу муассисаҳои тиббӣ, мактабу нерӯгоҳҳои барқӣ низ осеб диданд.