Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Деҳмон-Конибодом” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Патар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарбачаи 11-сола ва як зани 40-сола, сокинони ҳамин ҷамоатро пахш намудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.