Мақомоти пулиси шаҳри Маскав гуштигири тарзи юнонию румӣ аз Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҷанҷолу занозанӣ дар минтақаи ҷанбу ғарби пойтахти Русия, ки ба марг оварда расонидааст, ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин бора рӯзи 18 январ хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як сарчашма аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иитилоъ медиҳад.

Рӯзи 16 январ дар наздикии қаҳвахонаи кӯчаи Миклухо Маклайи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозанӣ сурат гирифтааст, ки дар ҷараёни он яке аз иштирокчиёни он чандин маротиба дигариро зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Шахсе, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, дар автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расидааст.

Кормандони пулис автомашина бо рақамҳои Краснодарро муайян кардаанд, ки гумонбаршуда бо он ҳамроҳи шиносҳояш ба қаҳвахона омадааст. Пас аз ин шахсияти ӯ маълум гаштааст. Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон, дорандаи шаҳодатномаи устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ оид ба гуштии юнониву румӣ будааст.

Гумонбаршуда мавриди пайгард эълон шуда, аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 111, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Русия (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марги ҷабрдида боис шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.