Тақрибани соати 01:55-и рӯзи 20 янар дар пойтахт садамаи фоҷебаро рух дода, автомашинаи тамғаи BMW ба автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ бархӯрд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» (ёрии тиббии таъҷилӣ), рақами қайди давлатиаш 762 ХС 01, Турсунов Ҳабибулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи И.Сомонӣ ронандаи автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба аломати роҳ эътибор надода, ҳаракати худро бепарвоёна идома додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа автомашинаи тамғаи «БМВ-745», рақами қайди давлатиаш  0777 ВР 07, ронандааш Сатторзода Аъзам Ҷамшед, соли таваллудаш  1992, ки аз самти кӯчаи Рӯдакӣ бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бархурдааст.

Зикр мегардад, ки бар асари бархӯрди ду автомашина кормандони беморхонаи ёрии таъҷилӣ: Турдиев Аъзам, соли таваллудаш 1976, Самиева Зебӣ, соли таваллудаш 1971 ва ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Турсунов Ҳабибулло ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Марказии миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ карда шуданд.

Қайд мешавад, ки пас аз се соати садама,  ронандаи автомашинаи «БМВ» Турсунов Ҳабибулло ва ҳамшираи шафқат Самиева Зебӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.