Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ҳолатҳои марги як муҳоҷири кории тоҷик, зодаи ноҳияи Қумсангир Наврӯз Назрибековро, ки рӯзи 20 январ бар асари ҳодисаи нохуш дар яке аз майдонҳои сохтмони шаҳри Маскав ба ҳалокат расидааст, таҳқиқ мекунад.

Тавре котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмедов дар ин робита иттилоъ дод, Н.Назрибекови 31-сола ба сифати оператори лифти сохтмонии бинои бунёдмешуда кор карда, наздикиҳои танаффуси нисфирӯзӣ бар асари ба болои ӯ афтодани болори металлӣ ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, далели марги шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти тафтишот мавриди таҳқиқ қарор дода, аз ҷониби намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати мусоидат ба интиқоли ҷасади муҳоҷири фавтида ба ватан чораҷӯӣ мешавад.