Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки миёни фавтидагон дар сӯхтори шаби 30 январ дар яке аз коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дарҳол пас аз расидани хабари ҳалокати муҳоҷирони корӣ, кормандони намояндагӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, маълум шудааст, ки дар коргоҳи сӯхташуда шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон кор мекардаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳодисаи сӯхтор дар яке аз коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Маскав 12 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 8 шаҳрванди Қирғизистон бо шумули 1 ноболиғ, 2 шаҳрванди Русия ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд.