Бар асари садамаи нақлиёт, ки шаби 7 феврал дар роҳи мошингарди Конибодом - Хуҷанд рух дод, ронандаи 22-солаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» ва мусофири 23-солаи он ба ҳалокат расиданд .

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ронандаи автомашинаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина, ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки мусофирони дигари он: се нафар ҷавонони 23-сола, сокинони шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.