Рӯзи 14 феврал дар хатти истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-Турсунзода, дар гузаргоҳи автомобилии километри 4654-ум қатораи боркаш ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба марди 61-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, бархӯрдааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири автомашинаи мазкур марди 59-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Марди 59-сола пас аз чанд муддат, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.