Пас аз муноқишаву занозанӣ дар хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Старообяческаяи шаҳри Маскав 15 нафар ба шуъбаи пулис оварда шудаанд.

Хабаргузории Интерфакс дар ин робита  менависад , дар яке аз хобгоҳҳои ҷанубу шарқи Маскав миёни муҳоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Русия ва Осиёи Миёна муноқишаву занозанӣ рух  додааст.

Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба агентӣ иттилоъ додааст, ки миёни як гурӯҳи русиягиҳои машғул ба истеъмоли машрубот ва кӯчарӯбони иқоматдошта дар хобгоҳ аз Ӯзбекистону Тоҷикистон муноқиша сар зада, сипас ба занозанӣ бо истифода аз корду болға ва дигар асбобу лавозимот табдил ёфтааст.

Дар натиҷа ду тан аз мардон ҷароҳат бардошта, кормандони милисаи бо даъвати сокинони маҳаллӣ ҳозиршуда 15 нафар иштирокчиёни муноқишаро ба шуъбаи пулиси маҳаллӣ бурдаанд ва айни замон ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , шаби 14 ба 15 феврал дар кӯчаи Старообрядческая дар ҷанубушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия як гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон занозанӣ карда, пулис 15 тан аз иштирокунандагони ин занозаниро дастгир кардааст.

Иброҳим Худойбердиев, раиси Конгресси узбакҳову узбакистониҳои Русия рӯзи 15 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар занозании шаби ҷумъаи 12 ба 13 феврал  байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳраки Пролетарское дар ноҳияи Ступинои вилояти Маскав як нафар кушта ва чанд тан захмӣ шудаанд.

Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як иллати асосие, ки муҳоҷирони ҳамтақдир аз Тоҷикистону Узбакистонро дар Русия ба ҷони якдигар меандозад, шароити беҳуқуқии онҳост, ки муҳоҷиронро маҷбур ба ҷустуҷӯи гунаҳкори чунин вазъияташон аз байни худи онҳо мекунад.