Зимни як муноқиша, ки шаби гузашта дар маркази шаҳри Душанбе рух дод, соҳибкори тоҷик Зафар Азимов кушта шудааст.

Ин маълумотро ба Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва аллакай чанд гумонбар дар ин робита боздошт шудаанд.

Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар назди "Наврӯзгоҳ" ба вуқӯъ пайвастааст. Қайд мешавад, ки соҳибкори кушташуда Зафар Азтимов бештар ҳамчун «Зафар Бедняк» маъруф буд.

Бо истинод ба ВКД хабаргузорӣ менависад,  муноқиша шаби гузашта миёни афроди "Зафар Бедняк" ва пайвандони Эмом Мақсудов, маъруф бо "Эмом Хубак", сурат гирифтааст.

Зикр мегардад, ки “Зафар Бедняк” соҳиби тиҷорати бузург дар Душанбе муаррифӣ шуда, ба гуфтаи шиносҳояш, ӯ дар шаҳри Душанбе чанд дӯкони тиҷоратӣ доштааст.

Гуфта мешавад, ҷасади Зафар Азимов субҳи имрӯз барои дафн ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» доир ба ин масъала иттилоъ доданд, ки ҷузъиёти ҳодиса нимаи дуюми имрӯз интишор хоҳад шуд.