Имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе дар гузаргоҳи назди мактаби русиву тоҷикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон автомашина 3 толибаи ин мактабро пахш намуд, ки дар натиҷа яке аз толибагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки духтарон тахминан нимаи рӯз аз роҳ мегузаштаанд, ки ин ҳангом автомашина онҳоро пахш кардааст. «Яке аз толибагон дарҳол ҳалок ва дуюмӣ айни замон дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, духтари сеюмӣ ҳеҷ ҷароҳате набардоштааст ва худро хуб ҳис мекунад», - гуфтанд дар Раёсати БДА.

Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи ба истилоҳ «таксии сесомонигӣ» баъди рух додани ҳодиса, автомашинаашро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, вале дере нагузашта боздошт шудааст. Дигар ҷузъиёти ҳодиса ҳоло маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидони садамаи нақлиёт дар шабакаи Facebook дар ин робита иттилоъ медиҳанд, ки толибагони осебдида хонандагони синифи 5-и мактаби таҳсилоти умумии русиву тоҷикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар Фейсбук зикр мегардад, ки ронанда аз ҷойи ҳодиса гурехтааст, вале ронандагони дигар ӯро боздоштаанд. Ронандагони дигаре, ки аз назди ҷойи ҳодиса мегузашгтаанд, ду духтарчаи осебдидаро ба беморхонаи шаҳраки тиббӣ бурдаанд.