Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби оташгирии автомашина дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт рӯзи чоршанберо шарҳ дода, маълумоти интишоршуда дар сомонаи Радиои Озодӣ доир ба таркидани автомашинаи тамғаи «Опел»-ро нодуруст хонд ва онро рад кард.

Дар шарҳи ВКД, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод мунташир шуд, дар ин робита қайд мешавад, ки «автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами давлатиаш 84-10 СА 01 ТҶ, ки ба ронанда Шарифов Баҳодур, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Клара Сеткинаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, бо сабабҳои риоя накардани бехатарии техникӣ, аз ҳисоби ноқилҳои барқӣ муҳаррики он оташ гирифта, боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Дар натиҷа автомашинаи мазкур зарари ночиз гирифта, ягон нафар осеб ва зарари ҷисмонӣ набардоштааст».

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзноманигорон эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки носанҷида ва сабабу ҳолати ҳодисаро муайян накарда, хабар пахш насозанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем , ки нимаи дуюми рӯзи 16 март назди таваққуфгоҳи маркази савдои «Баракат Плаза» дар кӯчаи Айнӣ автомашинаи тамғаи «Опел» оташ гирифт. Ронанда автомашинаро дар таваққуфгоҳ гузошта барои харид ба маркази савдои «Пайкар» даромад ва дар ин лаҳза автомашина оташ гирифт.