Аз ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон зимни сӯхтори шаби гузашта дар шаҳри Сургути Русия эҳтимол меравад.

Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, дар кӯчаи Островскиий шаҳри Сургут шаби гузашта контейнерҳои боркаш, ки барои иқомату зист мувофиқ шуда буданд, оташ гирифтаанд. Бар асари он се нафар ба ҳалокат расида, шахсияти онҳо муайян карда мешавад.

Қайд мешавад, ки ин контейнерҳо дар қаламрави бозори «Торговый ряд» ҷойгир будаанд. Айни замон бо кадом асос дар онҳо зиндагӣ кардани одамон ва ҳамчунин сабаби сар задани сӯхтор мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Гуфта мешавад, майдони сӯхтор 40 метри мураббаъро фаро гирифта, барои хомӯш кардани оташ 10 адад техника ва 36 нафар кормандони воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулода сафарбар шудаанд. Аз рӯи ин далел муфаттишогн ба санҷиш оғоз намуда, ҷасадҳои ҳалокшудагон ба таҳқиқи судиву тиббӣ фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти пешакии ба ВАО-и маҳаллӣ расида, ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар сохтмонҳои шаҳр кор мекардаанд.