Дар ҳодисаи сӯхторе, ки рӯзи 29 март дар кӯчаи Островскии шаҳри Сургути Русия рух дод, се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон - зодагони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.

Котиби матбуотии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасадҳои Ҷамшед Муродови 22-сола, Шаҳзод Собирови 18-сола ва Наимҷон Самитови 21-сола имрӯз, 30 март ба ватан фиристода мешаванд. Фавтидагон дар яке аз сохтмонҳои шаҳр машғули кор будаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи  маълумоти фаврии  Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, дар кӯчаи Островскиий шаҳри Сургут шаби 29 март контейнерҳои боркаш, ки барои иқомату зист мувофиқ шуда буданд, оташ гирифта ,  бар асари он се нафар ба ҳалокат расиданд.