Нимаи дуюми санаи  29 марти соли равон дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе Хуҷанд фаромадани тармаи бузургҳаҷм, ки дарозиаш зиёда аз 70 метрро ташкил медод, ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, ҳанӯз аз лаҳзаи аввали рух додани ин ҳодиса техникаҳои пуриқтидори Филиали Ширкат ба макони ҳодиса сафарбар шуда, дар як муддати кӯтоҳ, яъне то  соати 20:20 дақиқа онро бартараф намуданд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, соати 18:00 дар километри 80-ум низ фаромадани тарма ба масофаи умумии зиёда аз 50 метр ба амал омада, дар пайи чорандешии бетаъхири кормандони филиали Ширкат то соати 23:30 роҳ аз ин тарма тоза карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ пурра таъмин карда шудааст.

«Харидории зиёда аз 156  мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд, замина фароҳам овард, ки ҳатто рўзҳои пурбарфтарини фасли зимистон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ  таъмин гардад», - гуфта мешавад дар маълумоти филиали Ширкат.

Ҳамчунин IRS аз ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки зимни убури минтақаи мазкур дақиқназару эҳтиёткор бошанд.