Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки давоми рӯзҳои аз 31 март то 2 апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо боришоти борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани ҷола, дар доманакӯҳҳо омадани сел, фаромадани тарма, сангрез ва ярч пешгӯӣ шудааст.

Зимнан аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда шудааст, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.