Бар асари бархӯрди ду автомашинаи боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе - Чанок рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта 3 нафар осеб диданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти филилаи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, нимаи дуюми рӯз дар километри  56-уми шоҳроҳ автомашинаҳои боркаши тамғаи «Дулан» ва «КамАЗ» бо ҳам бархӯрда, боиси  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани 3 нафар гардидааст.

Гуфта мешавад, ин садамаи нақлиёт бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, бинобар рух додани садамаи мазкур, давоми 3 соат ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳ ба мушкил мувоҷеҳ шуда, маҳз бо кумаки кормандони  ширкат ва техникаҳои сафарбаршуда, автомашинаҳои ба садама дучоршуда аз қисми мошингарди роҳ бароварда шудаанд ва айни замон ҳаракат тариқи шоҳроҳ таври муназзам таъмин аст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти филиали ширкати IRS аз ҳамаи ронандагон боисрор даъват мекунад, ки таври бояду шояд ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷуда риоя намоянд.