Ахири ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисахои садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошнигарди ҷумҳурӣ 2 нафар ҳалок ва 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок, мавзеи нақби “Шаҳристон”-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ бар асари вазъи номусоиди боду ҳаво аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, қисми чапи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ронандааш марди 62-солаи сокини ш.Исфара бармехӯрад, ки аз самти ш. Хуҷанд ба самти ш. Душанбе ҳаракат доштааст.

«Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва дигар мусофирони автомашинаи мазкур: зани 24-сола ва зани 31-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд», - омадааст дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҳангоми дар минтақаи талу теппаҳои деҳаи Тераки-Токи ҷамоати деҳоти Тугаланги ноҳияи Ҷ. Балхӣ қарор доштанаш, аз сабаби боришоти зиёд автомашинаи мазкур лағжида, аз баландии 196-метр ба поён сарозер шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.