Шаби рӯзи 9 апрел дар роҳи автомобилгарди “Норак-Ёвон” дар автомашинаи тамғаи “Ранҷ-Ровер”, ки ба марди 40-солаи сокини ноҳияи Ёвон тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омадааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса менависад, дар натиҷа автомашинаи мазкур пурра сӯхта нобуд шуда, ҳеҷ кас осеби ҷисмонӣ набардоштааст. Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 265 ҳазор сомонӣ (34 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дода, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ будааст.