Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи 13 апрел бо наваскарони тозадаъват ба хизмат дар воҳидҳои низомии Кумита вохӯрда, бо шароитҳои будубош ва таъминоти маишии онҳо шинос шуд.

Бино ба маълумоти дафтар матбуоти КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ, ба сарбозони даъватшуда масъалаҳои хизмат дар сафи воҳидҳои низомии Кумита ва махсусиятҳои он, ҳамчунин вазифаҳои асосии ин нерӯҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Гуфта мешавад, дар фарҷом генерал Назарзода наваскаронро ба хизмати софдилона ва садоқат ба Ватан даъват намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо посух дод.