Тақрибан соати 5-и субҳи рӯзи 19 апрел кӯшиши ғорати шуъбаи маҳалии ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Данғара сурат гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати минтақавии ВКД дар вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дод, корманди милитсияи посбони шуъба ҷасорат зоҳир намуда, монеъи ин кор шудааст. «Дар ҷараёни мамониат корманди милитсия аз корд ҷароҳат бардошта, вале ин захмҳо вазнин нестанд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки барои дарёфт ин нафарон гурӯҳи тафтишотӣ ташкил шуда, баҳри боздошти онҳо тадбирҳо рӯйи кор гирифта шудаанд.