Аввали ҳамин ҳафта дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваста, як мард собиқ ҳамсарашро буғӣ карда кушт.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад,  зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда, санаи 18-уми апрели соли равон, собиқ ҳамсараш,  зани 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба хати ҷангалзори берун аз шаҳри Турсунзода бурда, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда бо моддаи 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.