Кумитаи тафтишоти вилояти Волгогради Русия аз рӯи далели куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷашни зодрӯзаш парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Гуфта мешавад, мардро дӯстонаш зинда ба зинда гӯронидаанд. Айни замон ҷустуҷӯи ҷасади кушташуда идома дорад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, як шаҳрванди маҳаллӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Волгоград муроҷиат намуда, хабар додааст, ки ӯ шоҳиди куштор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, 12 апрел ӯ ҳамроҳ бо дӯстонаш дар хонаи яке аз онҳо зодрӯзи шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ҷашн гирифтаанд. Қарибиҳои субҳ ӯ ба хоб рафта, вақте бедор мешавад, мефаҳмад, ки миёни соҳибҷашн ва соҳиби хона муноқиша рух дода, дар натиҷа соҳибхона ҳамроҳи ҳамсояаш меҳмонро ба анбор (сарай) мебаранд ва сипас ӯро ба таҳхона фароварда, маҷбур мекунанд, ки чуқурӣ кобад. Минбаъд ӯро зинда ба зинда гӯр мекунанд.

«Зимни санҷиши маълумоти марди муроҷиаткарда гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дарҳол ба ҷойи содир шудани ҳодиса рафта, ҳангоми азназаргузаронии таҳхонаи бинои хоҷагидорӣ дарвоқеъ ҳам чуқурии навкофташударо мебинанд, ки дар хоки он осори ранги сиёҳтоб, эҳтимолан хун ҳувайдо будааст», - қайд мешавад дар маълумот.

Тибқи фарзияи муфаттишон, ҷасади куштаро ба чуқурии пушти ҳавлии хона пинҳон карда, сипас дар ҷойи гӯри нав ахлотпораро оташ сар додаанд ва болои он хок партофтаанд. «Айни замон гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дар ҷойи ҳодиса машғули кор буда, барои дарёфти ҷасади марди кушташуда тадбирҳо андешида мешаванд», - зикр мегардад дар хабар.