Зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон - Нигина Маҳмадалиеваи 30-сола шоми рӯзи 21 апрел дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе ба сарулибосаш бензин рехта, худро оташ зад.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, байни ҷавонзан ва ҳамзисташ - сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Мансур Сафарзода бар асари рашк ҷагнҷолу муноқиша рух дода, ин ба оташзании ҷавонзан сабаб шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаи ба худкушӣ даст задани ҷавонзан дар макони ҷойи кори ҳамзисташ ба вуқӯъ пайвастааст.

Қайд мешавад, ки кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳодисаи мазкур огоҳ шуда, фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир ва дар якҷоягӣ бо шаҳрвандон  Маҳмадалиева Нигинаро аз марг наҷот доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷавонзан бо ҷароҳатҳои қисман сӯхтагии бадан дар беморхонаи №3 бистарӣ гардида, вазъи саломатиаш мӯътадил ва ба ҳаёташ хатар таҳдид намекунад.