- Як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятпеша бо роҳбарии корманди милитсия ба шуъбаи «Микрокредитбанк» дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хоразми Ӯзбекистон ҳамла оварда, 45 халтаи пул ба маблағи умумии беш аз 16 млн. сӯм (каме бештар аз 2600 доллари ИМА)-ро ғорат кардааст, - хабар медиҳад Озодлик.

Як манбаъи наздик ба раҳбарияти «Микрокредитбанк» ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ дар ин робита хабар додааст, ки ғоратгарон бештар ба бинои шуъбаи бонк зарар расонида, панҷараи қафои бино дар ошёнаи якум, дастгоҳи бонгдиҳӣ (сигнализатсия), сейф ва дигар чизҳои ба дасташон афтодаро шикаставу корношоям ва хароб кардаанд.

Гуфта мешавад, ин ҷиноят базудӣ ошкор шуда, ҳамаи 45 халтаи пул ба бонк баргардонида шудааст ва акнун ғоратгаронро то 16 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

Қайд мешавад, ки ин ҳодиса бори дигар ба камбуди пули нақд дар бонкҳои Ӯзбекистон гувоҳӣ дода, шикояти шаҳрвандони кишвар ба ВАО дар бораи мавҷуд набудани пули нақд барои пардохти маош дар иншооти бузурги стратегӣ ва нафақа хеле зиёд аст.

Қаблан дар арзу шикоятҳо зикр гардида буд, ки аксари шаҳрвандони Ӯзбекистон пулҳои аз хориҷи кишвар аз ҷониби наздиконаш интиқолшударо дар бонкҳо дастрас карда наметавонанд.