Нозирони роҳи шаҳри Маскав як ронандаи такси, зодаи Тоҷикистонро лату кӯб намуда, дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия санҷишро оғоз намудааст.

«Дар васоити ахбори умум перомуни аз ҷониби кормандони пулиси пойтахт боздошт шудани таксиеро, ки ба роҳгузар дар ҷойи иҷозашуда роҳ надодааст, хабар интишор шуда, зикр мегардад, ки баъди боздошт кормандони пулис боз як қатор қонуншиканиҳои ҳаракат дар роҳро ошкор кардаанд ва сипас таксиронро аз автомашина берун оварда, эҳтимол лату кӯб кардаанд», - қайд мешавад дар маълумоти сомонаи Кумитаи тафтишот.

Гуфта мешавад, Кумитаи тафтишот шахсиятҳои кормандони ба ин лату кӯб дастдоштаи Нозироти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД)-ро муайян ва онҳоро бозпурсӣ карданист. Ин мақомоти зикр мекунад, ки шоҳидони ҳодиса низ баёнот хоҳанд дод.

Бино ба иттилои агентии «Москва» , ин ҳодиса дар кӯчаи Подолских Курсантов рух дода, такси таҳти идораи зодаи Тоҷикистон қарор доштааст. Автомашина ба ҷаримагоҳ интиқол дода шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар хадамоти матбуоти Раёсати Нозироти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ин ҳодиса огаҳӣ надоштаанд.