Дар ваннаи яке аз манзилҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади худро ба дор овехтаи як зодаи 30-солаи Тоҷикистон дарёфт шудааст. ВАО-и маҳаллӣ дар ин робита менависанд , ӯ даст ба худкушӣ задааст.

Бино ба маълумоти АН «Оперативное прикрытие» , ҷасад шоми рӯзи 26 апрел дар яке аз манзилҳои кӯчаи Энгелс дарёфт шуда, мақомоти пулис муайян кардаанд, ки мард аз Тоҷикистон ба ин шаҳр омада, дар Красное Село сабти иқомати муваққатӣ доштааст.

Агентии «Невские новости» қайд мекунад, ки айни замон ҷасади зодаи Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва муайян кардани сабабҳои дақиқи марг ба сардхона (морг)-и шаҳр интиқол ёфтааст.