Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки давоми рӯзҳои аз 2 то 3 майи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо борони зиёд борида, ба фаромадани селу ярч, сангфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис мегардад.

Котиби матбуотии КҲФ ва МГ назди ҳукумати Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин робита аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин КҲФ ва МГ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки зимни анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Зимнан зикр гардид, ки бо фармони раиси Кумита Рустам Назарзода дар ин давра ҳамаи штабҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишвар ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд.