Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 21-солаи сокини шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи Шестопавлови пойтахт, дар рӯ ба рӯи яке аз бинои истиқоматии пойтахт аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон - зани 41-сола ва писари ноболиғи 10-солаи ӯ, сокинони шаҳри Душанберо пахш намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа зани 41-сола ва писари ноболиғаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, сипас ин автомашина ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ласетти”, ронандааш,  марди 23-сола, бархӯрдааст.