Дар таваққуфгоҳи ҶДММ «Бахтовар-2002», воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт, ки ба он Маҳмадрасул Ҳомидов роҳбарӣ мекунад, рӯзи 5 май автомашинаи тамғаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Нурмаҳмад Зокиров, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ оташ гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, алангаи оташ базудӣ ба ду нақлиётҳои дар шафати он доман паҳн намуда, дар масоҳати 25 метри мураббаъ қисмҳои нақлиётҳоро сӯхта корношоям гардонидааст. Дарҳол ба ҷойи ҳодиса қувва ва воситаҳои оташнишонӣ фиристода шуда, оташнишонон дар муддати кӯтоҳ сӯхторро минбаъд аз доман паҳн кардан пешгирӣ ва пурра хомӯш намудаанд.

Гуфта мешавад, зарари расонидашудаи умумӣ 35 ҳазор сомонӣ ва маблағи аз сӯхтор эминдошта 560 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст. Мутахассисон сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ҳангоми ба кор даровардани муҳаррики нақлиёт унвон кардаанд.