Шабонарӯзи гузашта бар асари боришоти аз меъёр зиёд, ки ба болоравии сатҳи об дар дарёи Элоки ноҳияи Рӯдакӣ боис гардид, беш аз 1000 манзил хисорот бардоштанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи  12 май, тақрибан соати  03:40 дақиқа дар натиҷаи боронҳои пуршидат сатҳи оби дарёи Элок  баланд гардида, дар ҷамоати  деҳоти Зайнабобод, деҳаҳои Адолат, Файзоба, Садоқат, Комсомол-1 ва Комсомол-2 сел  омада, тахминан ба 1146 хонаҳои истиқоматии  деҳаҳои мазкур зарар расондааст.

Дар бартараф кардани оқибатҳои офтаи табиӣ дастаҳои наҷотдиҳӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қушӯнҳои мудофиаи граждании Кумита дар гарнизони Душанбе дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.

Бино ба иттилои манбаъ, аҳолии зарардида ба макони бехавфу амн кӯчонида шуда, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ аз бедарак шудани ду кӯдаки хурдсол хабар медиҳанд. Ҷустуҷӯи кӯдакон идома дорад.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, вуруд ба ноҳияи Рӯдакӣ дар самти роҳ ба сӯйи деҳаҳои осебдида баста буда, ин қаламрав пурра аз ҷониби низомиён ва кормандони БДА иҳота карда шудааст.

Дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ офатҳои табиӣ рух дода, бар асари селфароӣ маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Файзобод, Ҳисор, Шаҳристон ва Панҷакент низ зарар дидаанд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар қаламрави деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи ронанда, марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, зери сангфароӣ аз кӯҳ қарор гирифта, дар натиҷа мусофири 27-солаи автомашина ба ҳалокат расидааст.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон аҳолии кишварро огоҳ карда буд , ки боронҳои шадид дар ҷумҳурӣ то 15 май идома меёбанд. Аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш шуд, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 май дар натиҷаи боронҳои зиёд дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел фаромада, сокини 41 солаи деҳа ва писари 17- солаи вай ҳалок гаштанд. Ҳамчунин дар Панҷакент низ як нафар ҷони худро аз даст дод.