Бар асари боришоти шадиду селфароӣ чанде аз қитъаҳои роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб хароб гардида, ҳаракати нақлиёт миёни Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғайриимкон гардид.

Ронандаҳои мусофиркаш аз самти Душанбе ба шаҳри Хоруғ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки роҳи мошингард муддати се рӯз баста аст.

Бино ба гуфтаи онҳо, рӯзи чоршанбе сел баъзе қитъаҳои роҳ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва ҳамчунин як пули мошингузарро вайрон кардааст.


«Воситаҳои нақлиёт ҳамчунин тавассути роҳи алтернативӣ, ки ВМКБ-ро бо маркази ҷумҳурӣ тариқи ағбаи Хобуробот пайваст мекунад, низ ҳаракат карда наметавонанд. Ин роҳ дар қалаирави ноҳияҳои Тавилдара ва Дарвоз солҳост, ки рӯи таъмирро надидааст ва ҳаракат бо ин роҳ айни замон ғайриимкон мебошад», - гуфтанд ронандагон.


Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ айни замон оид ба зарари расида аз офати табиӣ ба роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ маълумоти мушаххас дода наметавонанд.

Таҳти раҳбарии муовини вазир комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки ҳаҷми зарарро муайян мекунад. Аъзои комиссия ҳозир дар қитъаҳои аз офат осебдида мебошанд. Танҳо пас аз муайян кардани миқёси осеби расида аз офати табиӣ, мо ба шумо маълумоти саҳеҳ пешниҳод карда метавонем», - гуфтанд дар Вазорати нақлиёт.