Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо рафти сохтмони манзилҳо барои сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки бар асари заминдарзаи рӯзи 7 декабри соли гузашта, хароб гардида буданд, шинос шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвазир аз ҳамаи 10 деҳаи водӣ, ки аз офати табиӣ осеб дида буданд, боздид намуд. Масолеҳи сохтмон барои таъмиру барқарорсозии манзилҳои осебдида ҳанӯз моҳҳои январ-феврали соли равон аз марказ ба водии Бартанг оварда шуда буданд.
Азим Иброҳим сохторҳои марбутаро муваззаф намуд, ки сохтмони ҳамаи манзилҳо барои аҳолии аз офати табиӣ осебдидаро то 15 июн ба анҷом расонанд.
Дар маросими ба истифода додани ин манзилҳо барои аҳолии осебдида иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Президенти ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни 19-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки имсол санаи 27-уми июн дар Хоруғ барпо мешавад, иштирок мекунад.
Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи рӯзи 7 декабри соли гузашта, ки зарбаи асосиаш ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон рост омад, 237 манзил пурра ва 588 хонаҳо қисман хароб гардида, 214 хонаи пурра ва 205 манзили қисман вайроншуда дар ноҳияи Рӯшон қарор доштанд.
Ғайр аз ин, бисёре аз иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхонаҳо ва дигар муассисаҳо низ осеб диданд. Сокинони ҳамаи 237 манзилҳои пурра харобгардида дар макони иқомати муваққатӣ ҷойгир шуда, бо маҳсулоти ғизойӣ, сарулибос ва дигар шароитҳо таъмин карда шуданд.
Соати 12-50 дақиқаи санаи 7 декабри соли гузашта дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон заминларзаи 7,2 балла ба гирифта шуд. Маркази он дар ноҳияи Мурғоб воқеъ буд, ки дар он иқтидори заминларза ба 7-8 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар буд. Бар асари ин заминлраза 2 нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста