Кормандони милитсия рӯзи 30 май ду нафар донишҷӯён - сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанберо ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои датари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршудагон дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур, синни 16, 17 ва 18-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор додаанд.
Гуфта мешавад, сипас ҷавони 21-сола бо корди дасташ ба узвҳои бадани ноболиғон задааст, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Далели шайъӣ - корд гирифта шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста