Дар маросими ифтитоҳи мавсими оббозӣ дар кӯли Ҷавонони ноҳияи Бохтар рӯзи 12 июн як ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст.
Аз ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз анҷоми маросим ҷавони 17-сола аз як соҳил ба соҳили дигари кӯл шино карданӣ шуда, дар мобайни кӯл ғарқ ва ба ҳалокат мерасад. Тибқи баъзе маълумот ин ҷавон хонандаи яке аз мактабҳои ноҳияи Бохтар будааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи кӯл раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода қайд кардааст, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои баъдӣ низ кӯл ба як харобазор табдил ёфта буд. «Дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳукумати вилоят мавзеи кӯл поккорӣ шуда, тамоми зербинои он таъмиру азнасозӣ шуд ва акнун кӯл барои оббозии сокинони маҳаллӣ дастрас аст», - гуфтааст раиси вилоят.
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста