Комиссияи махсуси аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Маҳмадтоир Зокирзода корҳои таҳқиқи оқибатҳои заминларзаи шоми рӯзи ҷумъа, 1 июл дар қаламрави ноҳияи Раштро идома медиҳад.
Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов аз ноҳияи Рашт тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайати комиссияи ҳукумат раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раҳбарияти Кумитаи меъмориву сохтмон ва Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ шомиланд.
«Алҳол саҳеҳ гуфта наметавонем, ки чӣ миқдор манзилу иншооти таъиноти иҷтимоӣ аз заминларза осеб дидаанд. Ҳайати комиссия аз ҳамаи деҳаҳои Рашт, ки аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгир шудаанд, боздид карда истодаанд, вале аллакай дақиқан маълум аст, ки заминларза талафоти ҷонӣ дар пай надорад», - қайд кард Нозимов.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», рӯзи 1 июл дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан соати 20:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омада, маркази зилзила дар 27-километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Рашт ва 165-километрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор ба қайд гирифта шудааст.
Қувваи зилзила дар маркази он 5 балро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 2 бал баробар будааст. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иҷборак ва Аскалон, хусусан деҳаи Ҳазорчашма зарари ҷиддӣ дида, қисме аз манзилҳои истиқоматӣ пурра ва бархеи дигар қисман вайрон шудаанд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста